Оиди мо

«Alpen Pharma» дар Тоҷикистон

Таърихи «Alpen Pharma» дар Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолияти худро оғоз намуд ва худи ҳамон сол намояндагии ширкати «Alpen Pharma» ифтитоҳ ёфт. Самти асосии ширкат ин ба мизоҷон наздиктар шудан. Бояд қайд намуд, ки тими касбии «Alpen Pharma» дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон кори худро пеш бурда, доираи дастрасии маҳсулоти ширкатро баланд мебардорад. 

 

Маҷмуи маводи дорувории намояндагии ширкати «Alpen Pharma» дар Тоҷикистон сол то сол ғанӣ мегардад ва шумораи зиёди  воситаҳои доруворие дар ихтиёр дорад, ки талаботи мизоҷон ва духтурони гуногуни касбиро қонеъ карда метавонад. Имруз «Alpen Pharma» дар Тоҷикистон як якчанд ширкатҳои фармасевтии Аврупо, ба монанди «Deutsche Homoopathie-Union» - «DHU Arzneimittel GmbH & Co.KG» (Олмон), «Engelhard Arzneimittel GmbH» (Олмон), «Biomed» (Польша), намояндагӣ мекунад.

 

 

Намояндагии «Альпен Фарма АГ» (Берн, Швейцария) дар Тоҷикистон диққати асосии худро барои кор бо муассисаҳои табобатӣ ва профелактекӣ, духтурҳои бо таҷриба, дорусозҳо ва мизоҷони маҳсулоти фармасевтӣ медиҳад: фаълона гузаронидани тадқиқотҳои клиникӣ,  конфронсҳо ва омӯзишҳои илмӣ ва амалиеро дастгирӣ менамояд, ки ба таҷрибаомӯзи ва гузаронидани барномаҳои омӯзишии баланд бардоштани дараҷаи касбии духтурон мусоидат мекунад. 

 

 

Ширкати “Альпен Фарма АГ” – ширкати боустувор, масъул, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки барои ҷамъият шаклҳои навтарини табобат ва пешгирии касалиҳоро пешниҳод намуда, фаъолияти онро рисолати бошарафонаи “Ҳама чиз ба хотири саломатӣ”, муайян мекунад - «In the name of health!» e-mail: www.alpenpharma.com.tj.