Оиди мо

Назорати доруворӣ

Системаи назорати фармакологӣ ва кафолати сифат

Вазифаи ширкат ғамхорӣ дар бораи саломатии ҳар як шахс аст. Аз ин рӯ, ҷамъоварии маълумоти марбут ба бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати доруҳо ва таҷҳизоти тиббии ширкат як қисми муҳими кори мост. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, системаи кафолати сифат ва назорати фармакологӣ таъсис дода шудааст, ки ба мо имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои номатлуб / набудани самаранокӣ (надоштани судмандӣ) ва шикоятҳо аз сифати доруҳо ва асбобҳои тиббӣ сари вақт муайян карда шаванд

Агар шумо хоҳед, ки дар бораи ҳодисаи номатлуб/набудани самаранокӣ (надоштани судмандӣ)  ё мушкилоти сифат, ки бо истифодаи дору ё таҷҳизоти тиббӣ мо алоқаманд аст, хабар диҳед, шумо метавонед ҳама гуна роҳи мувофиқи гузоришро интихоб кунед:

  1. Бо телефони 24\7: + 99 29 37 77 47 77
  2. Почтаи электронӣ: pharmacovigilance@alpenpharma.com

Шумо чӣ хабар дода метавонед:

  1. Таъсири манфӣ – хама гуна зухурот, аломат ё беморихои номатлуб ва гайричашмдошт, ки дар вакташ бо кабули дору рост меояд, новобаста аз он ки он ба истеъмоли дору алокаманд аст ё не.
  2. Истифодаи нодуруст – истифодаи қасдан ва номатлуби маводи доруворӣ, ки ба дастурҳои тасдиқшудаи истифодаи тиббӣ мувофиқат намекунад.
  3. Истифода барои нишондодҳои ба қайд гирифтанашуда – ҳолатҳое, ки дар он маводи доруворӣ қасдан истифода бурда мешавад, ки мутобиқи дастурамал оид ба истифодаи тиббӣ нест.
  4. Сӯиистеъмол – истифодаи доимӣ ё номунтазам, қасдан аз ҳад зиёди маводи доруворӣ, ки бо таъсири зараровари ҷисмонӣ ё равонӣ ҳамроҳӣ мекунад.
  5. Набудани самаранокӣ – имконнопазирии ба даст овардани амали пешбинишудаи фармакологӣ дар доираи нишондодҳои тасдиқшуда. Мисол барои ваксинаҳо: Дар бемор пайдо шудани беморӣ, ки барои пешгирии он ваксина гузаронида шудааст
  6. Таъсир ҳангоми фаъолияти касбӣ – таъсири маводи доруворӣ, ки шахс дар натиҷаи иҷрои фаъолияти ҳам хусусияти касбӣ ва ҳам ба фаъолияти касбӣ алоқаманд нест, дучор шудааст.
  7. Микдори аз меъёр зиёд – истифодаи маводи доруворӣ дар як вақт ё дар давоми рӯз ба миқдори аз ҳадди тавсияшавандаи шабонарӯзӣ мувофиқи дастурҳои тасдиқшудаи истифодаи тиббӣ зиёд аст. Таъсири ҷамъшавандаи (кмулятивӣ) вобаста ба вояи зиёд низ ба назар гирифта мешавад.
  8. Таъсири фоиданоки ғайричашмдошт – ҳама гуна таъсири мусбати ғайричашмдошт, ки пас аз истифодаи маводи доруворӣ ба амал меояд ва ба барқароршавӣ ё беҳбуди ҷараёни беморӣ ё аломатҳо оварда мерасонад, ки интизор набуд ё дар тадқиқот муайян карда нашудааст.
  9. Хатогии тиббӣ – ба ҳар гуна иштибоҳи беѓаразонаи табиб, бемор ва истеъмолкунанда ҳангоми таъин, тайёр кардан ё истеъмоли доруҳо дахл дорад.
  10. Гумонбарии гузариши бемории сироятӣ – интиқоли сироят тавассути маводи доруворӣ, ки бо таъсири аксуламали номатлуб алоқаманд ё алоқаманд нест.
  11. Таъсир дар давраи ҳомиладорӣ ё ширмакконӣ – ҳама гуна истеъмоли дорувори ҳангоми ҳомиладорӣ ё ширмаконӣ. Таъсири маводи дорувори метавонад ҳатто пеш аз ҳомиладорӣ оғоз шавад, масалан, ҳангоми пешгирии ҳомиладорӣ аз ҷониби модар ё падар ё ҳангоми истеъмоли доруворӣ аз тарафи падар дар вақти консепсия (зачатия).

 

Агар шумо дар бораи сифати маҳсулот ягон маълумот ё дархост дошта бошед, лутфан ба суроғаи почтаи электронӣ ирсол кунед:

quality@alpenpharma.com

Ҳама маълумоти пешниҳодкардаи шумо махфӣ аст ва набояд ифшо карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун талаб мекунад.